Раҳмон ба Худоёрзода Худоёр вазири нақлиёти Тоҷикистон вазифаи нав дод

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамзамон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётиии Аврупо – Осиё – Қофқоз, Қафқоз Осиё таъин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бо пешниҳоди Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон ва розигии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар  Худоёрзода Худоёр, вазири нақлиёти Тоҷикистон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётиии Аврупо – Осиё – Қофқоз, Қафқоз Осиё – (ТРАСЕКА)  таъйин шудааст.

Шарти вазир ва ваъдаи паймонкор: таҷдиди роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб оғоз шуд

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, то ҳол дар ин Комиссия Тоҷикистонро Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон муаррифӣ мекард.

“Барои таъмини сатҳи баробар бо дигар кишварҳои аъзои долони мазкур, аз тарафи худи муовини аввали Сарвазири кишвар номзадии вазири нақлиёт ба ҳайси раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ТРАСЕККА пешниҳод гардида, ин пешниҳод аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҷонибдорӣ ёфтааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Иттиҳодияи Аврупо соли 1993 барномаеро бо номи Долон ё роҳрави нақлиётии  Аврупо – Осиё – Қофқоз, Қафқоз Осиё – (ТРАСЕКА)  матраҳ ва сармоягузорӣ кард. Бар пояи он ҳашт ҷумҳурии собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бояд ба роҳҳои алтернативии рафтуомад ва интиқоли бор ба Аврупо имкон ёбанд.