ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз наҷоти ду гардишгари лаҳистонӣ дар Бадахшон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, гардишгарон бо худравашон хостанд бо роҳи убур намудани роҳи Мурғоб ба шаҳри Оши Қирғизистон бирасанд. Вале дар нимароҳ муҳаррики мошини онҳо аз кор мемонад.
Амрико ВКД-ро аз садамаи нақлиётӣ дар Ванҷ хабардор кард
Зимнан ба қисми навбатдори КҲФ хабар расид ,ки дар наздикии ноҳияи Қарақӯл ва Мозкӯли Мурғоб ду сайёҳи лаҳистонӣ сигнали "SOS" равон карданд.
Манбаъ меафзояд, ба ҷойи ҳодиса фавран кормандони шӯъбаи КҲФ дар ноҳияи Мурғоб ва гурӯҳи ихтиёриён аз деҳаи Қарақӯл эъзом шуданд.
Гардишгарони дармонда таронаи Далер Назаровро суруданд
Гардишгарон ба гурӯҳи наҷотбахшон изҳор доштаанд, ки саломатанд ва ба ҳеч кумаки тиббӣ ниёз надоранд.
Барои расонидани ёрӣ ҷиҳати таъмири мошини сайёҳон кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Мурғоб онҳоро ба деҳаи Қарокӯли ноҳияи Мурғоб оварданд.