Ҳасан Асадуллозода пули табобати Афзалшоҳ Шодиро пардохт намуд

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ, ки дар Олмон се ҷарроҳиро паси сар карда буд, мегӯяд ҳангоми муолиҷа дар хориҷ аз кишвар аз Ҳасан Асадуллозода муассиси "Ориёнбонк" кӯмаки молӣ дарёфт намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Афзалшоҳи Шодӣ, ки тоза аз Олмон ба Ватан баргаштааст, дар мусоҳиба ба ҳафтаномаи "Оила" аз дастгириҳои молии Ҳасани Асадуллозода раиси "Ориёнбонк" изҳори миннатдорӣ намудааст.

Афзалшоҳи Шодӣ пас аз консерт дар Хуҷанд дубора барои ҷарроҳӣ ба Олмон меравад

Афзалшоҳ гуфтааст, ки бо иллати дарди меъда ду маротиба ба Олмон сафар кард ва се ҷарроҳиро паси сар намудаст. Ин ҳунарманди тоҷик мегӯяд, барои гирифтани табобат ба ӯ муассиси "Ориёнбонк" бисёр кӯмак кардаст.

Афзалшоҳ Шодиев: 25 соли ҷудоӣ ба тоҷикон ва узбакон мушкил афтод

Гузашта аз ин Афзалшоев аз ҳамаи дӯстону мухлисонаш, ки ба ӯ ҳар рӯз занг заданду аҳволпурсияш намуданд, миннатдории худро баён намудаст.

Аз ҷумла Афзалшоҳ Шодӣ ба сафоратҳои Тоҷикистон дар Аврупо, сафири Тоҷикистон дар Брюселл ва намояндаҳо дар Фаронса, Ҳолланд, Шветсия ва дар худи Олмон арзи сипос кардаст.

"Аҳволпурсӣ кардани ман бароям як давлат аст, чунки ин пурсиданҳо ба ман як қувваи тоза мебахшид", - илова намудаст Афзалшоҳ Шодӣ.

Зимнан зикр гардидааст, ки Афзалшоҳ Шодӣ рӯзҳои наздик бо барномаи консертӣ ба шаҳрҳои Панҷакенту Исфара, Истаравшану Хуҷанд сафар мекунад.