Дар Узбакистон ду зан пас аз ҷарроҳии пластикӣ фавтиданд

Додгоҳи олии Узбакистон дар қиболи фавти ду зан пас аз ҷарроҳии пластикӣ, тафтишоти пешакиро оғоз намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар Тошканд ду зан пас аз ҷарроҳии пластикӣ фавтиданд, хабар медиҳад котиботи Додгоҳи олии ин кишвар.

Нархи зебоӣ: духтари тоҷик барои ҳуснаш чӣ қадар пул сарф мекунад?

Бар хабари манбаъ, ҳар ду марҳум дар дармонгоҳи Mont Blanc, ки дар ноҳияи Шайхонтахӯри Тошканд воқеъ аст, ҷарроҳии пластикӣ намуда буданд.

Гуфта мешавад, яке аз ин ду зан, шаҳрванди 43 - солаи Қирғизистон буда, пас аз он ки табибон ҷарроҳиро анҷом доданд, ба ӯ тавсияи табобати минбаъда бо доруворӣ гирифтанро, доданд.

Дар АМА мард зани худро бе рангу бор дида аз ӯ ҷудо шуд

Аммо бо гузашти андак вақт, вазъи солимии ӯ бад шуда, фавран ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол ёфт. Ҳарчанд табибон кӯшиданд то ҷони ӯро аз марг халос кунанд, вале муваффақ нашуданд ва номбурда дар бемористон ба ҳалокат расид.

Зимнан, пас аз ду рӯзи дигар дар дармонгоҳи мазкур боз вазъи як зани дигар, ки ҷарроҳии пластикӣ шуда буд, бад шуда ҷони худро  аз даст дод.

Ҷарроҳии пластикӣ духтари эрониро Анҷелина Ҷолӣ нагардонд

Манбаъ меафзояд, феълан аз рӯи далели фавти ду зан, дар дармонгоҳи ҷарроҳии пластикӣ тафтишоти пешакӣ оғоз гардидаст.

Гузашта аз ин Вазорати тандурустии Узбакистон ба мақомоти марбута дастур додаст, ки ҳамаи муассисаҳои тиббие, ки ба ин намуд ҷарроҳӣ машғуланд, мавриди санҷиш қарор диҳанд.