Рӯзи 3 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1952 дар Лос-Анҷелес нахустин сабти тасвир дар лентаи магнитӣ сурат гирифт.
Ҷашнҳои рӯзи 3 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
© AP / Reed Saxon
Соли 1993 Гайдар Алиев бо касби 98,8% овозҳо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб шуд.
Рӯзи 3 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2013 дар Душанбе Форуми навбатии IX байналхалқии "Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри XXI" баргузор гардид.
Соли 1961 дар Тоҷикистон ҳафтаи адабиёти украинӣ ифтитоҳ ёфт.
Соли 1906 рӯзи умумиҷаҳонии тасдиқи бонги хатар дар баҳр, маъруф ба "SOS" муқаррар карда шуд.
Соли 1990 муттаҳидшавии Ҷумҳурии федеративии Германия ва Германияи демократӣ ба амал омад, ки соли 1949 ташкил ёфтанд.
Соли 1992 варзишгари итолиявӣ Мауритсио Дамилано рекорди ҷаҳонии дар айни замон амалкунандаро аз намуди дар ду соат 29 км 572 м роҳ рафтан асос гузошт.
Ҷашнҳои рӯзи 3 октябр
- Дар Ҷумҳурии Федеративии Германия - рӯзи муттаҳидшавии Германияи ягона.
- Рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии Корея.
Рӯзи 3 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
- Абдулои Фозил (1952)- нависанда;
- Зебо Аминзода (1948) – раққоса, Ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ;
- Шакарҷон Анварова (1943) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
- Мирзо Асозода (1941)- шоир, нависанда;
- Қосимҷон Қосимов (1964)- арбоби давлатӣ;
- Собир Мирзоев (1930 – 2001) – доктори илми филологӣ, профессор;
- Рустам Муҳаммадҷонов (1947) – навобардори кино;
- Мавлуда Обидова (1948) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон;
- Алексей Окладников (1908 – 1981) – муаррих, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
- Октябр Тиллоев (1938) – кинооператор;
- Шарофат Турдӣ Алӣ (1960)- шоираи узбекзабони Тоҷикистон;