Баҳси маош дар парлумон: Ғаффоров пурсид чанд сомонӣ, Зуҳуров гуфт кам

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ҳаҷми маошеро пурсид, ки корфармои чинӣ дар кони “Якҷилва”-и Мурғоб ба коргарон медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ғаффоров зимни ҷаласаи ахири парлумон, аз ҷойгир будани кони нуқраи “Якҷилва” дар баландии 4500 метр зикр карда, суол гузошт, ки ба коркунону мутахассисон чӣ қадар маош пардохта мешавад.

Ин фурӯшу додани қарз нест: ҳукумат ироаи кони "Якҷилва" ба Чинро шарҳ дод

Юан Энхуи, мудири ширкати “С. А. Минералз” дар Тоҷикистон ба Ғаффоров посух дод, ки маоши моҳона 2600 сомониро ташкил менамояд ва ваъда дод, ки шароити зисти хуб фароҳам хоҳад шуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, таъкид намуд, ки дар шароити баландкӯҳ кор кардан вазнин асту 2500-2600 сомонӣ маош барои чунин кор кам мебошад. Ӯ аз роҳбарияти корхона даъват намуд, ки сари масъалаи боло бардоштани маоши кормандон андеша кунад.

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи созишномаи тасдиқкардаи парлумон, дар се соли аввали татбиқи лоиҳа дар кони “Якҷилва” 60 фоиз ва дар солҳои минбаъд 80 фоизи кормандон мутахассисони маҳаллӣ хоҳанд буд. Дар назар аст, ки 200 коргари маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гарданд.

Аз корхонаи семент то масъалаи кони нуқраи “Якҷилва”: баррасии ду созишнома дар Парлумон

Мутобиқи созишнома сармоягузори кони “Якҷилва”, аз пардохти андоз аз фоида ба муҳлати ҳафт сол озод буда, молҳои воридшаванда барои татбиқи лоиҳа ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.