Таъхири парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Сургут: сабаб то ҳол норӯшан аст

Феълан омили асосии таъхири парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон самти Сургут номаълум буда, зимнан ба ҷадвали парвози ҳавопаймо аз Сургут ба Тоҷикистон низ дигаргунӣ илова шудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Парвози ҳавопаймои ширкати ватании Somon Air аз Тоҷикистон самти Сургут наздики 8 соат ба таъхир андохта шуд, хабар медиҳад Хадамоти маълумотдиҳии фурудгоҳи мазкур.

Тумани ғафс омили ба таъхир мондани парвози 130 ҳавопаймо аз Русия гардид

Ба маълумоти манбаъ, ҳавопаймо мебоист аз фурудгоҳи Хуҷанди Тоҷикистон соати 12:30 дақиқаи имрӯз самти Сургут парвоз мекард. Вале бо сабабҳои то ҳол номаълум парвози ин хатсайр ба соати 20:30 гузаронда шуд.

Тоҷикистон ба чанд кишвари дигар роҳи ҳавоӣ мекушояд

Зимнан ҷадвали парвози ҳавопаймо аз Сургут самти Тоҷикистон низ тағйир ёфта, аз соати 16:30 дақиқаи қаблӣ ба 00:30 дақиқаи шаб иваз карда шудаст.

Нишасти изтирории ҳавопаймои Владимир Путин: нақли сарнишини пешин

Гуфта мешавад, алъон намояндагони ширкати Somon Air сабаби таъхиркорӣ дар парвози ин хатсайрро шарҳ надодаанд.