Сатторзода: то охир пофишорӣ мекунем, то қотили Ҳувайдо ҷазои шадид гирад

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мегӯяд, ба тафтиши воқеъбинона ва беғаразонаи парвандаи марбут ба куштори бераҳмонаи Ҳувайдо бовар дорад, дар акси ҳол то охир пофишорӣ хоҳанд кард, то қотил ҷазои сазовор бигирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи Сафорати Тоҷикистон дар Руси, рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ  Имомуддин Сатторов бо мақсади назорат ва пайгирии қазияи Ҳувайдо Тиллозода, бо падари марҳум Абдусалом Саидов ва адвокати  ӯ сӯҳбати навбатӣ анҷом дод.

Гуфта мешавад, пас аз боздошт шудани вакили мудофеи қаблии ин хонавода, бо тавсияи сафорат Шавкат Умаров акнун аз ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷабридида ҳимоя мекунад.

Вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо боздошт шуд

Зикр мегардад, ки зимни суҳбат натиҷаҳои мурофиаи додгоҳӣ, ки 30 сентябри соли 2019 вобаста ба он парвандаи ҷиноятӣ доир шуд, мавриди баррасию машварат қарор гирифт.

Бар асоси натиҷаҳои ахири додгоҳ, бинобар идомаи табобати иҷбории айбдоршаванда Сёмин, 30 сентябри соли ҷорӣ, додгоҳи вилоятии Москва баррасии парвандаи ҷиноятиро мавқуф гузоштааст.

Вакили хонаводаи Ҳувайдо - Хасавов: Сёмин роҳи гурез аз ҷавобгариро надорад

Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов таъкид намуд, ки  ба идомаи тафтишоти воқеъбинона ва беғаразонаи парвандаи ҷиноятии мазкур, инчунин ногузир будани ҷазо ба шахсе, ки чунин кирдори даҳшатнокро нисбат ба шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода содир кард, боварӣ дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки чанде қабл вакили дифои хонаводаи Саидовҳо, Дагир Хасавов бо иттиҳоми эҷоди монеа барои таъмини адолати додгоҳӣ, дар бинои додгоҳи Лефортов дар шаҳри Маскав боздошт гардида буд.