ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Пашинян дар мусофирбари “Mercedes Sprinter”-и зиреҳпӯш бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, Игор Додон, президенти Молдова, Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон ва Қосим-Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон “селфӣ”-и гуруҳӣ гирифт.
Дар акс раисиҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко нест, ки ба гуфтаи баргузоркунандагон ҳамоишро пештар аз дигарон тарк кардааст, хабар дод Sputnik Арманистон.
“Селфии сарироҳӣ. Дар зимн фурсат шуд, ки тасмими муҳиме гирифта шавад”, - шарҳ дод Пашинян.
Акси мазкурро Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо паёми "субҳ ба хайр" дар саҳифаи худ бозншар кардааст.
Инчунин сарвазири Арманистон дар ҳошияи ҳамоиш дар Ереван "селфӣ"-и дигаре бо раисиҷумҳурони Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, сарвазири Сингапур – Ли Сян Лун ва роҳбари комиссияи иқтисодии Авруосиё - Тигран Саркисян нашр намуда, шарҳ додааст.
“Бархе аз шарикони мо селфиро хуш доранду гуруҳе не. Мо ҳамчунин барои саломатии онҳое, ки селфиро намеписанданду ҳузур надоранд, нӯшидем”, - таъкид намудааст Пашинян.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ “селфӣ”-ҳои гирифтаи Пашинянро ҳазорҳо нафар паҳн карда, дар мавриди ҳузур надоштани Лукашенко дар акс ҳазл кардаанд, ки ӯ мошинро идора мекунад. Шореҳон дар бораи интихоби ҷои Путин, ки дар ақиби мусофирбар нишастааст, шӯхиомез гуфтаанд, ки ӯ ҷоеро гирифтааст, ки барои назорат мусоид мебошад.