Рустами Эмомалӣ барои баррасии фоидаи сарфакорӣ ба фарду оила 2 475 сомонӣ ҷудо кард

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор дар пойтахт баргузории конфронсеро тасдиқ кардааст, ки дар он аҳамияти сарфакорӣ барои беҳбуди накӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа баррасӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, бо қарори Рустами Эмомалӣ конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа” баргузор мешавад.

Коҳиши парвандаҳо барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон

Шаҳрдорӣ вақти баргузории ин ҳамоишро 10 октябри соли 2019 муқаррар карда, масъулинро барои дар сатҳи баланд баргузор кардани он муваззаф кардааст.

“Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе хароҷоти  баргузории Конференсияи мазкурро аз ҳисоби маблағҳои  озоди буҷети шаҳри Душанбе ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 2475 - ду ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ сомонӣ тибқи ҳисобнома ҷудо намояд”, - омадааст дар қарори раиси шаҳр.

Қонуни Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2007 қабул шуда, ҳадафи он бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони кишвар арзёбӣ мешавад. 

Дар Узбакистон ҳам "танзими анъана ва ҷашну маросим" сар шуд

Мақомоти Тоҷикистон борҳо гузориш доданд, ки аз ҳисоби танзими ҷашну маросимҳо мардуми кишвар миллиардҳо сомонӣ сарфа карданд.