Гирифтани шаҳрвандии Русия осон мешавад: як шарти асосиашро барҳам медиҳанд

Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия тасмим гирифтааст, ки ҷараёни гирифтани шаҳрвандии Русия осонтар карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1окт — Sputnik. Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳуҷҷатҳои замимашавандаро ба лоиҳаи буҷаи федеролӣ барои солҳои 2020-2022 омода намудааст.

Муҳоҷир бисёр: ду хатсайри нави "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Русия

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои омодашуда дар Русия қоидаи гирифтани шаҳрвандӣ барои хоҳишмандон метавонад осонтар карда шавад.

Яке аз ин қисматҳои ҳазфшаванда ин нигоҳ доштани шаҳрвандии пешакӣ ҳангоми гирифтани шаҳрвандии Русия мебошад.

Дар Вазорати рушди иқтисоди кишвар вобаста ба ин шарҳ доданд, ки дар сурати амалӣ гардидани лоиҳаи пешниҳодгардида ҷараёни даст кашидан аз шаҳрвандии пешин бекор мегардад.

Ғайр аз ин ниҳоди мазкур мақсад дорад, рафти гирифтани санадҳои иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ва иҷозаи иқоматро (ВНЖ) дар ФР барои хатмкардагони донишгоҳҳои Русия ва кишварҳои ИДМ ва Балтия осонтар гардонад.