Сӯиқасд ба ҷони ҳамсар дар боғи нави шаҳри Кӯлоб: сабаб рашк

Командони милитсия Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб марди 35-солаеро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри мазкурро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир намуданд.

Маҷнунҳои рашкин: дар Тоҷикистон ду куштор ба сабаби рашк рух дод

Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда, рӯзи 30-юми сентябри соли равон, ҳангоми дар гулгашти боғи навбунёди ба номи “С.Вализода”, воқеъ дар кӯчаи Н.Абдулҳақови ҳамин шаҳр қарор доштанаш, аз сабаби рашк бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ҳамсараш, зани 27-сола, бо корд 11-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,- -қайд намудааст ВКД.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз намуда, тафтишотро идома доранд.