"Шабҳо хоб надорем" : волидони Осия ҷуброни зарар талаб мекунанд

Волидони Осия Зулфоноваи 6-сола, ки моҳи июни соли равон аз ҷониби се навраси сокини ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар назди хонаи амакаш ба симтӯр баста, оташ зада шуда буд, мегӯянд, барои ҷуброни  зарари ҷисмонӣ ба суд муроҷиат хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Волидони Осия Зулфонова мехоҳанд аз падару модари писароне, ки ба бадани Осия зарари мудҳиш расонида буданд, ҷуброн талаб кунанд.

Шерзод Зулфонов, падари Осия, 30-юми сентябр дар суҳбат ба нашриёти “Фараж” гуфтааст, аҳволи кӯдакаш хуб нест ва шабҳо хоб надорад.

"Табибони марказии шаҳрии бемориҳои сӯхта хунравиро аз бадани Осия манъ карданд, вале то ҳануз ҷои сӯхтаҳо боқист. Шабҳо хоб надорем, танаш дард мекунад, малҳамҳои тавсияшударо бо қимати гарон харидорӣ мекунем, аммо бенатиҷа. То ҳануз ҳеҷ кадоме аз волидони наврасон дари хонаамро накушодаанд, напурсидаанд, ки чӣ ҳол дорем", — гуфтааст падари Осия.

Осия 7 ҷарроҳиро паси сар кард ва нахустин бор ба ҳавохӯрӣ баромад- навор

Зулфононв афзуда, ки гуфта буданд, ки гунаҳкори асосӣ Суннатулло Очидиеви 13-соларо дар беморихонаи рӯҳии кӯдакона бистарӣ карданду шариконаш Шарипов Юсуф ва Алиев Фаррухро дар мактаби махсуси шаҳри Душанбе барои хонандагони душвортарбия ҷойгир кардаанд, вале онҳо дар деҳа боз якҷояанд. Суннатулло боз дар деҳа бесарӣ карда гаштаасту ду нафари дигар дар мактаби миёнаи рақами 67-и деҳа мехонанд.

Зери назорати президент: профессори олмонӣ барои табобати Осияи 6-сола омад-акс

Моҳи июли соли равон Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод, ки “ноболиғ Очилдиев Сунатулло, ки ба бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мубтало будааст, дар муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон" бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад ва сагҳояш безарар гардонида шуданд”.

Дар нишасти матбуотии тобистонаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфта шуд, ки боз кардани парвандаи ҷиноятиро нисбат ба оташзанандагони Осияи 6-сола рад кардаанд.

Қазияи оташ задани Осияи 6-сола: ВУД сабаби ба ҳабс нагирифтани гумонбаронро гуфт

Сардори Раёсати назорати ноболиғон ва ҷавонон дар Прокуратураи генералӣ Камолзода Баракатулло гуфт, дар натиҷаи санҷиши маводҳои ҳолати мазкур, бинобар субъекти ҷиноят набудани ноболиғон, нисбат ба Очилдиев Суннатуллои 13- солу 9-моҳа, Шарипов Юсуфҷони 10-солу 10-моҳа ва Алиев Фаррух (9 солу 10-моҳа) қарори рад аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул гардидааст.

Оташ маро фаро гирифт: Осия ба модараш аз бераҳмии ноболиғон шикоят кард

"28-уми июни соли 2019 комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ қарор қабул кардааст, ки Ю. Шарипов ва Ф. Алиев дар мактаби махсуси шаҳри Душанбе барои хонандагони душвортарбия ҷойгир карда шуда, С. Очилдиев дар Муассисаи давлатии бемориҳои равонии кӯдакон ва наврасон мавриди табобат фаро гирифта шавад. Маводи қарори кабулшуда аз ҷониби Раёсат мавриди омӯзиш қарор дода шуд ва бинобар ҷой доштани камбудиҳои ҷузъӣ қарор бекор карда шуда, барои аз нав дида баромадани он ба Прокуратураи ноҳияи Сино ирсол карда шуд, — гуфт Камолзода.

Хабари оташ задани духтараки 6-сола ба Раҳмон расид: дастури президент ба Олимзода

Ёдовар мешавем, ки 19-уми июни соли равон, тахминан соати 11:30, дар наздикии “Боғи миллӣ”, воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Осия Зулфоноваи 6-сола аз ҷониби се ноболиғи сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар симтӯр баста, оташ зада шуд. Волидон Осияро бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан ба Беморхонаи шаҳрии №3 расониданд. Паз аз тахшис табибон муайян карданд, ки 65 дарсади бадани Осия сӯхтааст, ки 40 дарсади он захмҳои амиқ будаанд.

Барои табобати ҷабрдида аз олмон пизишки маъруф Эдгар Бимерро даъват карданд, ки ба малакаи касбии табибони беморхонаи мазкур баҳои баланд додааст.