Раиси Хатлон аз рафти иҷрои қарорҳояш розӣ нест

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз рафти иҷрои қарорҳояш аз ҷумла дар соҳаи маориф ва соҳаи тухмпарварӣ пас аз шунидани гузориши зердастонаш изҳори ниграонӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Нимаи якуми имрӯз, дар маҷлисгоҳи мақомоти вилояти Хатлон иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум, барпо гардидааст.

Бино ба гузориши котиботи раиси вилоят, иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшида, вакилон ва иштирокдоронро бо масъалаҳои рӯзномаи он шинос намудааст.

Раиси вилояти Хатлон муовинонашро ба шаҳри Кӯлоб фиристод, то "омӯзанд"

Гузориши муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода

Аз рӯйи масъалаи якум “Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 декабри соли 2016, №253, “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода маърӯза кардааст.

Зикр гардидааст, ки бо мақсади амалигардонии “Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар вилоят 42 хоҷагии тухмипарварӣ, аз ҷумла дар соҳаи пахтакорӣ 26 хоҷагӣ, ғаллакорӣ 11 адад, картошкапарварӣ 2 адад, юнучқапарварӣ 2 адад, сабзавоткорӣ як адад ташкил карда шудааст. Фаъолияти ин хоҷагиҳо ба истеҳсоли тухмиҳои хушсифати ба маҳалҳо мутобиқ равона гардидааст.

"Таҳлили фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ нишон медиҳад, ки вазъи имрӯзаи онҳо ба талаботи истеҳсол ҷавобгӯй набуда, талаботи хоҷагиҳои вилоятро ба тухмии хушсифат ҳамагӣ то 35% таъмин карда метавонанд", - зикр кардааст Зоҳирзода.

Таъкиди раиси вилоят

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намудааст, ки ин ҳолат қаноатманда нест, зеро тухмипарварӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ ба шумор меравад.

Аз рӯйи масъалаи дувуми иҷлосия – “Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри соли 2016, №261 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар шаҳру ноҳияҳо муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода сухан гуфтааст.

Гузориши муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода

Қайд шудааст, ки Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар зарфи 5 сол дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 566 муассисаи таълимӣ ва дигар иншоотҳои муҳими соҳаро барои 110150 ҷойи нишаст ба маблағи 1 миллиарду 135 ҳазору 661 сомонӣ пешбинӣ намудааст.

Аз ин шумора 94 адад (16,6%) иншооти соҳа барои 11740 ҷойи нишаст ба маблағи 205 миллиону 550 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети марказонидашудаи ҷумҳуриявӣ, 144 адад (25,4 фоиз) иншоот барои 28052 ҷойи нишаст ба маблағи 227 миллиону 994 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, 328 адад (58 фоиз) иншоот барои 70358 ҷойи нишаст аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ дарназар дошта шуда-аст, ки дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани он ҳадафҳои болозикро пурра таъмин хоҳад кард.

"Мутаассифона, омӯзиш, таҳлил ва ҷамъбасти натиҷаи корҳои дар самти иҷрои қарор ва Барномаи мазкур дар зарфи наздик ба 3 сол (ба ҳолати 20 сентябри соли равон) баанҷомрасида нишон медиҳанд, ки рафти иҷрои ин санади муҳими ба рушди соҳаи маорифи вилоят мусоидаткунанда дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои алоҳида, ҳанӯз қонеъкунанда нест, - зикр намудааст Хидирзода.

Ҳар 15 рӯз 30 ҳазор сомонӣ ба ғолибон: мусобиқаи Ҳакимзода барои пахтачинҳо

Ӯ афзудааст, ки ба ҳолати имрӯза дар доираи Барномаи мазкур дар сатҳи вилоят 39 адад иншооти нақшавӣ бунёд гардидааст, ки ба шаҳру ноҳияҳои Данғара - 10, Кӯлоб - 4, Восеъ - 4, Муъминобод - 5, Балҷувон - 5, Ховалинг - 2, Кӯшониён - 2, Вахш - 2, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Панҷ, Темурмалик – 1-ададӣ иншоот рост меоянд.

Нигаронии Қурбон Ҳакимзода

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид намудааст, ки новобаста ба он ки давоми солҳои 2017-2019 дар доираи амалигардонии Барномаи мазкур ва берун аз он дар вилоят 84 иншооти соҳа иборат аз 463 синфхона барои 10521 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд, ҳанӯз ҳам талабот ба муассисаҳои нави таълимӣ вуҷуд дорад.

"Омӯзишу таҳлили раванди татбиқи Барномаи мазкур нишон медиҳанд, ки дар сатҳи вилоят дар муқоиса ба соли 2017 шумораи муассисаҳои таълимӣ ҳамагӣ 9 адад ва хонандагон 48100 нафар зиёд шудааст, ки ин ба яке аз омилҳои асосии боз ҳам зиёдтар гардидани масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти таъмину фароҳамсозии заминаҳои кадрӣ, моддӣ-таълимӣ ва техникӣ, алалхусус норасоии ҷойи хониш ва аз афзоиши ҳамасолаи хонандагон қафомонии бунёду сохтмон ва таъмиру азнавсозии муасисаҳои таълимӣ гардидааст".

Ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳисоботи сардори Раёсати зиддиинҳисории вилоят Фирӯз Юсуфзодаро оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол” дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро шунидаанд.