Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин

Раисиҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ равон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Имрӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба гузориши котиботи кишвардор, дар номаи шодбошӣ омадааст:

"Муҳтарам ҷаноби Раис, бо таманниёти беҳтарин аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чинро ба муносибати ҷашни санаи дорои аҳаммияти таърихӣ - 70-мин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин сидқан табрику муборакбодӣ менамоям", - омадааст дар нома.

Бо ИМА ва Аврупо беҳтар шавад: Сухангӯй аз муносиботи Раҳмон бо Чин, Русия ва ИМА гуфт

Президент гуфтааст, ки тайи ин давра Ҷумҳурии Чин дар бахшҳои мухталифи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ба пешравиҳои азим ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб шуд.

Эмомалӣ Раҳомн бовар дорад, ки ҳамаи ин дастовардҳои бошукӯҳ, албатта, натиҷаи заҳмату меҳнати хастанопазири тамоми мардуми Чин ва роҳбарияти сиёсии он мебошад.

"Мо аз ин комёбиҳои ҳамсояи бузург, нек ва боэътимоди худ изҳори хушнудӣ менамоем ва бар онем, ки онҳо заминаи мустаҳкамро барои рушди босуръати минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳама арсаҳо фароҳам меоранд", - гуфтааст Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин афзуда, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкиму тавсеаи анъанаҳои дӯстии қавӣ ва муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.