ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар пойтахти Тоҷикистон имрӯз ҳаво тағйирёбандаву абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят бе боришоти назаррас (0-0,5мм) пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.