“Ҷанг” бас: Алия, донандаи 8-солаи 5 забон суруди “Ҳалилуяҳ” хонд-видео

Алия Эраҷ, духтари 8-солаи тоҷик, ки озодона бо 5 забон суҳбат мекунад, дар ҳошияи шоу-барномаи байналмилалӣ аз озори духтарҳо аз дасти бачаҳо гуфта, таъкид намуд, ки бо суруди “Ҳалилуяҳ” мехоҳад ба ин “ҷанг” хотима бахшад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Алия қисса кард, ки дар синф ягона духтар аст ва бисёр вақт барои мӯйҳои дигаргунааш бачаҳо ӯро ғам медиҳанд. Ӯ афзуд, ки нахуст хост, “карате” машқ кунаду, дар посух ба озордиҳандаҳо ӯ ҳам занад, аммо дар ниҳоят аз ин тасмимаш гашт.

Осия 7 ҷарроҳиро паси сар кард ва нахустин бор ба ҳавохӯрӣ баромад- навор

“Баъдан фикр кардам, агар ман онҳоро занаму онҳо маро, ин ҷанг анҷом намеёбад. Аммо агар ин сурудро хонам, ба фикрам ин муноқишаҳо хотима меёбанд”, - тавзеҳ дод Алия Эраҷ дар ҳошияи барномаи  “Central Asia Got Talent”, ки тариқи шабакаҳои телевизионии кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр мешавад.

Алия Эраҷ, ки бо забонҳои вахӣ, шуғнӣ, тоҷикӣ, русӣ, англисӣ озодона суҳбат мекунад, таъкид намуд, ки бо иҷрои суруди “Ҳалилуяҳ” мехоҳад, барои худ ва ҳамсолонаш исбот кунад, ки чизеро метавонад ва аз духтарон даъват намуд, ки хомӯш набошанду талош кунанд, мавриди озор қарор нагиранд.

Ин духтари 8-сола инчунин дар барнома бо забони англисӣ тавзеҳ дод, ки дар оянда мехоҳад, биолог бошад, зеро ифлоскориҳои одамон ҷонваронро ба марг мувоҷеҳ кардааст.

“Ҳар гуна партовҳоеро, ки ба муҳити атроф мепартоем, метавонад боиси марги ҷонваре, гурбае, саге бигардад. Ман мехоҳам ба онҳо кумак кунам”, - изҳор дошт Алия ва ба саҳна баромад.

Сурудхонии Алия дар барномаи “Central Asia Got Talent”-ро мухлисону доварон хуш қабул карданд, аммо тавсия доданд, ки ин ҳунарашро такмил диҳаду соли оянда боз иштирок кунад.