Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Мақомоти Тоҷикистон, 48 зиндонии афғон, ки солҳо ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешудандро барои иҷрои ҳукмашон ба Афғонистон интиқол дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Интиқоли 48 зиндони имрӯз дар минтақае дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон сурат гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday ба нақл аз ИРНА.

Кобул 8 маҳбуси тоҷикро ба ватанашон истирдод намуд

Афғонистон дар ин робита мегӯяд, ки дар баробари ин кор, чанд шаҳрванди тоҷик, ки ба иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм дар зиндонҳои Афғонистон будандро ба Душанбе интиқол додааст.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки ин дувумин маротиба дар соли равон аст, ки зиндониён афғон аз Тоҷикистон ба Афғонистон мунтақил шудаанд. Пештар дар моҳи июл низ 80 зиндонии афғон дар ҳамин минтақаи марзӣ ба давлати Афғонистон таҳвил дода шуданд.

Саидмасъуд Бадахш, кордори сафорати Афғонистон имрӯз дар мусоҳиба бо як расонаи Тоҷикистон эълом кард, ин зиндониён ба зиндонҳои Афғонистон бурда мешаванд ва идомаи давраи маҳкумияти худро хоҳанд гузоранд.

Вай афзуд, ахиран як ҳайат барои интиқоли зиндониёни афғон аз Тоҷикистон, ба ин кишвар омада буданд ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70 зиндонии афғон дар зиндонҳои Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Дар гузашта низ бархе зиндониёни афғон аз шароити номуносиби нигаҳдорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон шикоят карда буданд.

Баҳси Раҳмону Раббонӣ аз истирдоди 80 зиндонӣ ба Афғонистон

Яке аз мақомоти вазорати додгустарии Тоҷикистон эълом кард, ки бештари зиндониёни хориҷе, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд зиндониёни афғон мебошанд. Бештари онҳо ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ ҳастанд ва ду нафари дигар низ ба ҷурми қатл дар зиндон басар мебаранд. Интиқоли зиндониёни тоҷик ва афғон ба ватанашон бар асоси як тавофуқнома миёни давлати Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 2010 сурат мегирад.

Тоҷикистон ва Афғонистон беш аз якҳзору 300 километр марзи муштарак дорад ва ин яке аз роҳҳои асосии қочоқи маводи мухаддир ба Русия ва кишварҳои дигар маҳсуб мешавад.