Мансабдорони Ҳукумати ВМКБ "имтиҳон" супориданд

Аз 20 хизматчии давлатӣ, танҳо 8 нафар ба бахши магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ 20 нафар кормандони мақомоти вилоят, ки дар мансабҳои хизмати давлатӣ адои вазифа мекунанд, барои дохил шудан ба бахши магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон супориданд.

Аз 20 нафар довталаб танҳо 8 нафар ба Академияи мазкур қабул карда мешаванд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Корманди Маркази миллии тестӣ гуфт, касе ба натиҷаҳои имтиҳон наметавонад таъсир расонад

Ба гуфти корманди ин Академия - Муҳаммад Ализода, бори аввал аст, ки довталабони Академияи идоракунӣ бевосита дар макони зисти худ имтиҳон месупоранд.

"Қаблан барои шомил шудан ба ин Академия довталабон маҷбур буданд, ки ба шаҳри Душанбе сафар кунанд ва дар он ҷо дониши худро санҷанд. Дар сурати ноком шудан боз ба зодгоҳашон бармегаштанд ва ба қавле маблағашон беҳуда масраф мешуд", - афзуд манбаъ.

Дар ин росто, маъмурияти Академия имсол қарор додааст, имтиҳонро бевосита дар маҳалли зисти довталабон баргузор намояд.

Довталабон аз ду фан имтиҳон месупоранд- фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва таърихи халқи тоҷик. Ҳамчунин яке аз шартҳои дохилшавӣ ба бахши магистратураи Академия доштани собиқаи дусолаи корӣ ба сифати хизматчии давлатӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ мебошад.

Шиносоии комил бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ ва истифодаи дуруст аз барномаҳои мухталифи компютерӣ яке аз дигар талаботи аслӣ ба шумор меравад.

Онҳое, ки ба магистратура  дохил мешаванд, метавонанд баъди анҷоми таҳсил фаъолияташонро дар ҷойи кори қаблӣ давом диҳанд, зеро тибқи қонунгузорӣ вазифаи пештараашон  ҳифз карда мешавад.