ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилояти Хатлон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 айни замон 84 дарсад омода шуда, маблағгузорӣ барои хариди маводи сӯхт ҳоло идома дорад.
Тавре Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон таъкид доштааст, барои омодагии хоҷагии халқи вилоят ба тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 мувофиқи сметаи хароҷотии муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят бо ин мақсад 7,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
“Аз ин маблағ алакай зиёда аз 5 миллиону 782 ҳазор сомониаш пардохт шудааст. Ҳамчунин, ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 854 ҳазору 954 сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки ба ҳолати имрӯза беш аз 722 ҳазораш пардохт гардидааст”, — қайд кард Назарзода.
Ҳамзамон вай зикр намудааст, ки ҳоло соҳаи маориф ба зимистон 80 дарсад ва соҳаи тандурустӣ 84 дарсад омода мебошанд.
Мақомот кӯшиш доранд, ки дар рӯзҳои наздик пурра нақшаро иҷро намоянд ва маблағгузориро барои зимистонгузаронӣ ба охир расонанд.