ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Беренӣ Сандерз сенатори демократи конгираи Амрико ахиран дар твиттер зимни дархости интишори матни хоми муколамаи телефонии Трамп бо Муҳаммад бин Салмон гуфт, мардуми Амрико ҳақ доранд бидонанд, ки Трамп бо диктатори саудӣ чи муомилаҳое кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.
Мақомоти Амрико ба вижа Трамп дар рӯзҳое, ки Арабистон бо интиқодот ба далели қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди саудӣ ру ба ру буд аз саудиҳо дифоъ карданд.
Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико 20 ноябри 2018 дар баёнияе эълом кард Амрико шарики Арабистон боқӣ хоҳад монд ҳатто агар валиаҳди саудӣ аз тарроҳии қатли Хошуқчӣ иттилоъ дошта бошад.
Рӯзноманигори ВашингтонПост он замон навишта буд, ки Вашингтон ва Риёз талош доранд қатли Хошуқҷиро ба гунае тафсир кунанд, ки нақши бин Салмон дар он инкор шавад.
Ҷамол Хошуқчӣ рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дуввуми октябри 2018 дар консулгарии Арабистони Сайдӣ дар Истанбул ба дасти маъмурони эъзомшуда аз Риёз ба қатл расид.
Хошуқҷӣ дар рӯйхатти ашхоси боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими саудӣ қарор дошт ва аз бими дастгир шудан дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.