Чангу ғубор: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонадӯзона. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо  суръати 0-5  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 15+20  дараҷа  гарм мешавад, - хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва   рӯзона  21-26  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 32+34 дараҷа  гарм мешавад.