ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бо ташаббуси кормандони осорхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар яке аз маконҳои дурдасти водии Вахони Ишкошим намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони маҳаллӣ баргузор гардид, хабар медиҳад агентии Ховар.
Манбаъ аз қавли мудири осорхонаи вилоятӣ Хушомад Алидод менависад, ки ҷамъомади мазкур ба хотири гиромидошти шоир ва файласуфи зодаи ҳамин минтақа Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ доир гардидаст.
Дар Мурғоб меҳмонхона ва осорхонаи нав бунёд мекунанд
Зикр мегардад, ки сокинони ин деҳаи дурдасти ВМКБ, давоми беш аз 180 сол хонеро, ки дар он Мубораки Вахонӣ ба дунё омадаву тамоми осори илмию адабии худро эъҷод намудааст, ба осорхона табдил додаанд.
Дар як гӯшае аз ин хона асбобҳои мусиқӣ, осори назмию насрӣ ва илмӣ, дар гӯшаи дигар асбобҳои рӯзгори он замон гирдоварӣ шудаанд.
"Дар ҳавлии манзил расадхонаи хурде, ки ба воситаи он фарорасии иди Наврӯзро муайян мекард, ҳанӯз ҳам побарҷост", - изҳор намудаст мудири осорхонаи вилоятӣ.
Ба гуфтаи Хушомад Алидод, минбаъд ҳам ба хотири ҳифзи мероси моддию маънавии ниёгон, баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар дигар деҳоти вилоят идома меёбад.