Мулоқоти Аҳмадзода бо яклухтфурӯшҳои меваю асал дар Русия

Ширкатҳои “Евразия”, “Смарт” ва “Мёдовед”- и Русия барои оғоз намудани ҳамкорӣ ба вилояти Суғд меоянд. Ин масъала ахиран дар мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо намояндагони ин ширкатҳо дар шаҳри Маскав матраҳ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бар пояи иттилои расмӣ, 21 -уми сентябр Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳамроҳи роҳбарони сохторҳои ҳукумати вилоят ва  раисони шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанду Конибодом барои доир намудани Ҳамоиши тиҷоратӣ бо иштироки соҳибкорони тоҷики муқими Федератсияи Русия ба шаҳри Маскав сафар намудааст.

Ҳузури панҷ корхонаи нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Текстиллегпром”-и Маскав

Тавре гуфта мешавад аз баргузор шудани Ҳамоиши тиҷоратӣ бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ дар шаҳри Маскав, масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Федереатсияи Русия пуштибонӣ намуда ва дар кори он худи сафир Имомуддин  Сатторов ширкат варзидааст.  

Қабл аз оғози Ҳамоиши тиҷоратӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, бо  намояндаи ширкатҳои “Евразия”, “Смарт” ва “Мёдовед”- и Русия мулоқот анҷом додааст, ки дар он масъалаи оғоз намудани ҳамкорӣ бо корхонаву ширкатҳои ҳудуди вилояти Суғд баррасӣ шудааст.

Ширкати “Евразия” ба коркарди метал ва ширкатҳои “Смарт”-у “Мёдовед” ба истеҳсол ва фурӯши яклухти асал ва меваю сабзавот дар ҳудуди Федератсияи Русия машғуланд.

"Тоҷикфилм" аз филми муштарак бо Қосимова даст кашид: 350 000 доллар талаб мекунанд

Дар паи гуфтушунид,  ширкатҳои русиягӣ розӣ шудаанд бо чанде аз ширкатҳои ҳудуди вилояти Суғд ҳамкорӣ ба роҳ монанд. Ба ин тартиб қарор аст дар моҳи октябр намояндаҳои ин ширкатҳо ба вилояти Суғди Тоҷикистон сафар кунанд ва қабл аз бастани шартномаи ҳамкорӣ аз вазъи ширкатҳо ва  коргоҳҳои тавлидотӣ Суғд аз наздик шинос шаванд.

Вазир гуфт ба назари шумо намеояд, вале Тоҷикистон барои Урупо ва Русия пӯшок медӯзад

Ба ҳисоби ин се ширкат, баъзе аз соҳибкорони Русия, ҳам дар  роҳандозии ҳамкории соҳавӣ бо соҳибкорони тоҷик изҳор намудаанд.

Раиси вилояти Суғд, дар Ҳамоиши тиҷоратӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ дар бораи шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва ривоҷи тиҷорат дар вилояти Суғд, таъкид кардааст.

Дар кори Ҳамоиш ҳамчунин тарҳҳои сармоягузорӣ ва муаррифиномаҳо дар бораи пешрафти бахшҳои асосии иқтисодӣ, саноат, саноати ғизоӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва дигар корҳои созандагию ободонии минтақа ба намоиш гузошта шудааст.

Шералӣ Кабир гуфт, сармоягузорони рус дар бораи Тоҷикистон кам медонанд - Садо

Ташаббускорони Ҳамоиши тиҷоратӣ гуфтаанд, ки ҳадаф аз баргузории чунин як чорабинӣ дар шаҳри Маскав муаррифии имкониятҳои тиҷоратию иқтисодии вилояти Суғд ва ҷалби соҳибкорони тоҷик ба сифати сармоягузорон барои иштирок дар рушди бахшҳои иқтисодии кишвар будааст.