Корбари Фейсбук шикоят карду ВКД ҷазо дод: БДА ба ронандаи бадахлоқ огоҳӣ дод

Кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД муроҷиати як корбари Facebook-ро санҷиш намуда, ронандаи “Тайота-Лендкрузер”-ро, ки воситаи нақлиёти худро дар ҷойи муқаррарнашудаи роҳ таваққуф намуда буд, ҷазо доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додаст, дар шаҳри Душанбе бо шикояти корбари Фейсбук як ронандаи бадахлоқ, ки воситаи нақлиёти худро дар ҷойи муқаррарнашудаи роҳ таваққуф намудаааст, ҷазо дода шуд.

Қурбон-милисаро генерал Назарзода баъди вокунишҳо дар Фейсбук қадрдонӣ кард

Тавре манбаъ таъкид намудааст, як сокини пойтахт бо нашри матлабе дар саҳифаи Фейсбукаш аз рафтори ношоям ва таваққуфи нодурусти ронандаи автомашинаи “Тайота-Лендкрузер”, рақамҳои қайди давлатиаш 5431 ВК 01, дар кӯчаи А.Деҳотӣ шикоят намуда, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

“Муроҷиати мазкур аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯии пурра қарор дода шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Корбари Фейсбук шикоят карду ВКД ҷазо дод: БДА ба ронандаи бадахлоқ огоҳӣ дод

Тавре маъсулини ВКД қайд намуданд, дар натиҷа  онҳо муайян намуданд, ки ронандаи мошини “Тайота-Лендкрузер”, шаҳрванд Каримов Субҳон Талабович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе будааст.

Онҳо зимни санҷиш ошкор намуданд, ки номбурда дар ҳақиқат воситаи нақлиёти худро дар ҷойи муқаррарнашудаи роҳ таваққуф намуда, бо ин кирдораш ба ҳаракати шаҳрвандон халал расонидааст.

Фошсозии Фейсбук: ҷазои ронандаҳои “Тойота” ва “Мерседес” барои халал ба пиёдагардон - акс

“Бо дарназардошти ҳолати мазкур, Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нисбати соҳибаш барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуд”, - зик намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш намудааст, ки бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо ва ё шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ шуданашон тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.