Дар Душанбе кӯча ва маҳаллаи беҳтарин муайян шуд

Дар озмуни Кумитаи рушди маҳали назди президенти Тоҷикистон, ки чанде қабл ҷамъбаст гардид, маҳалаи "Дӯстии халқҳо"- и ноҳияи Шоҳмансур ҷойи якумро касб кард
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Санаи 25 - уми сентябри соли равон кумитаи рушди маҳали назди раисҷумҳури Тоҷикистон озмуни маҳаллаи ва кӯчаи беҳтарин ҷамъбаст гардид, хабар медиҳад агентии Ховар.

Қарори Рустами Эмомалӣ барои муайянсозии беҳтарин кӯчаю маҳалла ва додани ҷоизапулӣ

Бар хабари манбаъ, маҳаллаи "Дӯстии халқҳо"- и ноҳияи Шоҳмансур дар ҷамъбасти озмун мақоми аввалро касб кард.

Дар Хоруғ беҳтарин сароянда, ровӣ ва навозандаро муайян карданд

Зимнан маҳаллаи "Хуҷанд"- и ноҳияи Сино ва маҳаллаи "Фирдавсӣ"- и ноҳияи исмоили Сомонӣ ҷойҳои дуюм ва сеюмро сазовор шуданд.

Зимнан, дар озмуни "Кӯчаи беҳтарин" ғолиби ҷойи якум кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино гардид. Ҷои дуюму сеюм мутаносибан ба кӯчаҳои Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаи Соҳилии Исмоили Сомонӣ дода шуд.

Озмуни шаҳрдории Душанбе барои муайян кардани беҳтарин занони роҳбар

Ғолибони ҷойи аввал бо шаш ҳазор сомонӣ ва Дипломи дараҷаи 1-и  Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, ҷои дуюм бо Дипломи дараҷаи  2 ва 4 ҳазор сомонӣ ва барандаи ҷои сеюм бо Дипломи дараҷаи се ва 2 ҳазор сомонӣ   қадрдонӣ гардиданд.

гуфта мешавад, озмуни мазкур солҳои 2020 ва 2021 низ гузаронида шуда, дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст карда мешаванд.