Талошҳои Умарзода дар Вена барои ёфтани донорҳои ислоҳоти милисаи Тоҷикистон

Генерал-майори милиса Икром Умарзода, ноиби вазири умури дохилӣ дар садри ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи пулисҳои 57 давлати узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Вена мавзӯи “Зеҳни сунъӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ”-ро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, ҳошияи чорабинии мазкур,  бо мақсади ҷалби маблағгузории донорӣ барои татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон бо намояндагони Норвегия, Швейтсария, Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо ва Русия вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Қурбон-милисаро генерал Назарзода баъди вокунишҳо дар Фейсбук қадрдонӣ кард

"Бо мақсади муаррифӣ намудани раванди ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, дастовардҳо ва дурнамои он, инчунин 9 лоиҳаи ҷалби маблағгузории омодагардида, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар бинои Хофбурги шаҳри Венаи Австрия санаи 23-юми сентябри соли равон конфронси канорӣ ташкил карда шуд, ки дар он сафирон ва намояндагони сафоратхонаҳои 39 давлати дунё ширкат варзиданд", - омадааст дар иттилоия.

Генерал-майор Шодмонзода Фарҳод, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия зимни конфронс ҳадаф, мақсадҳои ниҳоӣ, натиҷа ва буҷаи 9 лоиҳаи омодагардидаро муаррифӣ намуд, ки тибқи иттилои ВУД аз ҷониби сафирони Русия, Фаронса ва инчунин намояндагони Норвегияю Швейтсария ва Иттиҳоди Аврупо хуш пазируфта шуд.  

Сафорати ИМА дар ноҳияи Ванҷ дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ боз кард

Инчунин ҳайати Вазорати умури дохилӣ бо сафирони Фаронса, ИМА, Шветсия ва роҳбарияти котиботи САҲА мулоқот кардааст.