Озмуни шаҳрдории Душанбе барои муайян кардани беҳтарин занони роҳбар

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки дар пойтахт озмуни “Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон” баргузор карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, озмони мазкур дар доираи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 баргузор мегардад.

Фармони Раҳмон барои зиёд кардани теъдоди кормандони дастгоҳи Президент

“Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни “Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон” тадбирҳои зарурӣ андешанд”, - омадааст дар қарор.

Рустами Эмомалӣ раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе”-ро муваззаф кардааст, ки инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

Раиси шаҳри Душанбе назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи муовинаш, сарпарасти соҳа гузоштааст.