Обуҳавошиносон: чангу ғубор боқӣ мемонад

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар шаҳри Душанбе ҳаво камабру бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 33+35 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳушдори обуҳавошиносон: чангу ғубор ва якбора то 7-9 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 12+17, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 16+21  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва   рӯзона  24-29  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм хоҳад шуд.