Нахустин сафари расмии вазири дифои Узбакистон ба Тоҷикистон

Вазири мудофиаи Узбакистон барои бори нахуст дар 27 соли охир бо сафари расмӣ рӯзи 25 сентябри соли равон аз Тоҷикистон боздид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Баҳодур Қурбонов, вазири мудофиаи Узбакистон дар садри як ҳайат бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард, хабар додааст "Ховар" аз қавли Ориф Низомиён, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Шойгу ба низомиёни Тоҷикистон медал тақдим кард

Ба иттилои манбаъ, Қурбоновро зимни ин сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон  Шералӣ Мирзо ҳамроҳӣ карда, вазирони ду кишвар аз факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дидан намуданд.

Зикр гардидааст, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004-ум таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунанд.

“Дар ин факултет, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазирону раисони кумитаҳои Тоҷикистон тирпарронӣ карданд

Ҳамчунин вазири мудофиаи Узбакистон зимни сафари якрӯзаи худ, аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Алишер Навоӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст соли гузашта дар вилояти Суғд амалиёти ҳарбию техникии Тоҷикистону Узбакистон гузаронида шуда, имсол амалиёти ҳарбию техникӣ ва машқҳои низомӣ дар Узбакистон гузаронида мешаванд.