Зеленский акси муштаракаш бо Доналд Трампро мунташир намуд

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский акси муштаракаш бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Трампро нашр намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Раисҷумҳурони Украина ва Амрико Владимир Зеленский ва Доналд Трамп зимни як қабули расмӣ мулоқот намуданд.

​Акси муштараки раисҷумҳурони ду кишварро Зеленский дар сафҳаи иҷтимоии худ нашр намудаст.

Маро нашикаст: Зеленский дар бораи курсии президентӣ

Дар акси нашршуда, сарони Украина ва Амрико бо ҳамсарони худ Мелани Трамп ва Елена Зеленская аксбардорӣ шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти Трам ва Зеленский дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк баргузор шуд.