ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар шарқи Покистон дар паи заминларзаи ба шиддати 5,8 дараҷа аз рӯи ҷадвали Риҳтер дасти кам 24 нафар ҳалок ва ҳудуди 450 тан маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.
Мақомот гуфтанд, ки ларзиши замин инчунин дар пойтахти Ҳинди ҳамсоя – Деҳлии нав ҳам эҳсос шуд. Бар асосии Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази зилзила надик ба шаҳри Мирпури минтақаи Кашмири таҳти маъмурияти Покистон будааст.
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 баллӣ такон дод
Гуфта мешавад, феълан нафарони осебдида, ки бе хонаву дар монданд, бо хайма ва ғизою маводҳои лозима таъмин карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки заминларзаи шадид дар баробари рабудани ҷони 24 покистонӣ, ҳамчунин роҳҳои мошингард ва манзилҳои истиқоматиро низ вайрону валангор намуд.
Савумин заминларза давоми ҳамагӣ чанд рӯз дар Тоҷикистон
Мақомоти Покистон мегӯянд, ки алъон вазъият дар кишвар пас аз ин офати табии мӯътадил буда, корҳои имдодрасонӣ ба осебдидагон идома дорад.