ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ба гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, сатҳи муҳоҷирати корӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Манбаъ меафзояд, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ сатҳи муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 26 дарсад рушд кардаст. Гуфта мешавад, дар ин муддат аз Тоҷикистон беш аз 411 ҳазор нафар барои кор муҳоҷират карданд.
Муовини вазир: муҳоҷират зиёду бозгашт кам шудааст
Аз ҷумла, дар моҳи август 54 ҳазор нафар ба мақсади кор Тоҷикистонро тарк карданд. Ин шумор дар муқойиса бо моҳи августи соли гузашат 10 ҳазор афзойишро нишон медиҳад.
Таҳиякунандагони гузориш таъкид мекунанд, ки афзойиши муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон натиҷаи беҳбуди шароитҳои кор дар Русия ва рушди иқтисоди ин кишвар аст.
Вазорати меҳнат ихтилофи омори Тоҷикистону Русияро дар бораи теъдоди муҳоҷирон шарҳ дод
Бар асоси додаҳои ниҳоди муҳоҷиратии Русия, дар ҳоли ҳозир беш аз 1 миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.