ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Зуҳуров зикр кардааст, ки ҳоло дар ҷаҳон тамоюли бунёди як низоми ҷаҳонии глобалӣ ҷараён дорад, ки давлатҳоро аз рӯи хусусиятҳои муайян, ба монанди иқтисодиёт, нуфузи сиёсӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ғайра гурӯҳбандӣ мекунад.
“Вазифаи ҳар як давлат аз як тараф, ворид шудан ба иттиҳоди ҳамгироии ояндадор ва барои инкишофи худ мувофиқ бошад, аз сӯи дигар, мусоидат ба ташаккул ва рушди бомуваффақияти он мебошад. Аён аст, ки ҳамгироии фазои АвруОсиёгӣ муҳимтарин вазифаи сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди хориҷии ҳар як давлати Авруосиё мебошад ва барои ба ҷомеаи мутамаддин табдил ёфтани онҳо далелҳои кофӣ мавҷуданд”, - омадааст дар матни суханронии раиси Маҷлиси намояндагон.
Ба гуфтаи Зуҳуров, равандҳои ҳамгироӣ доираи васеи масъалаҳоро фаро мегиранд, пеш аз ҳама, инҳо масъалаҳои низомӣ-сиёсӣ мебошанд.
“Кишварҳои АвруОсиё бояд тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд, то марҳилаи нави мусаллаҳшавӣ ва пайдоиши марҳилаи нави ҷанги сардро пешгирӣ кунанд”, - таъкид намудааст раиси Маҷлиси намояндагон.
Ӯ илова намуд, вазъи ноумедкунанда ва идомаёбандаи низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя, ки дар онҷо гурӯҳҳои динӣ ва экстремистӣ ва пойгоҳҳои омӯзиши террористон ва ҷангҷӯён ҷойгиранд, хеле ҳассос гардидааст.
Додгоҳи Хуҷанд як узви созмони насрониро ба 7.5 соли зиндон маҳкум кард
“Аз ҷониби дигар, воридшавии террористон, ба номи “Давлати исломӣ” ба Афғонистон ва навъҳои гуногуни ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, интиқол, қочоқи аслиҳа, ки аз ҷониби онҳо содир карда шуда ва яке аз сарчашмаҳои маблағгузории ташкилотҳои ҷиноӣ мебошад, иҷрои ин вазифаро боз ҳам душвортар мегардонад”, - таъкид намудааст Зуҳуров.