Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Ваҳдат: ҳалокати ронанда ва бистарӣ гаштани мусофир

Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид намудааст дар ин садама ронандаи мошини “Опел-Вектра”, Солеҳов Шодмон ба ҳалокат расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар садамаи маргборе, ки рӯзи 23 сентябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст, як нафар ба ҳалокат ва як нафари дигар дар бемористон бистарӣ гардидааст.

Садамаи маргбор: ҳалокати ду сокини ноҳияи Ванҷ ба сабаби чаппа шудани мошин ба дарёи Панҷ

Тавре ВУД Тоҷикистон хабар додааст, рӯзи 23-юми сентябри соли равон, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Солеҳов Шодмон Сайдалиевич, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Гирдоби ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро чаппа кардааст.

“Дар натиҷа, ронанда Солеҳов Ш.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамзамон ВУД таъкид намудааст, ки мусофири дохили мошин Саъдуллоев Сунатулло Ғайбуллоевич, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Нурофаи ноҳияи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.