Гузориши Расулзода аз вазъи тандурустии тоҷикистониён дар Ню-Йорк

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, роҳбари ҳайати мамлакат дар иҷлосияи 74-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк, зимни ҷаласаи “Фарогирии умумии тандурустӣ” суханронӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Расулзода иштирокдоронро бо дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар солҳои охир, аз ҷумла дар иртибот  бо пешгирии бемориҳои сироятӣ ва паст кардани сатҳи бемории сил, инчунин нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои дар ин самт татбиқшаванда шинос кард, хабар додааст "Ховар".

Омодагии Вазорати тандурустӣ ба форуми сатҳи баланд

Қоҳир Расулзода таъкид намудааст, ки Тоҷикистон минбаъд низ барои фарогирии васеи аҳолии мамлакат ба хизматрасониҳои тиббии баландсифат ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо дар бахши ҳифзи иқлим ва муҳити зист тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

Манбаъ афзуд, ки дар ин ҷаласа “Эъломияи сиёсии СММ оид ба таъмини фарогирии умумии тандурустӣ” қабул гардид.

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ ҳадафи эъломияи ташвиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бартараф кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, сил ва вараҷа, инчунин бемориҳои сироятнашаванда дар 10 соли оянда бо роҳи ташаккули низоми қавӣ ва фасеҳи тандурустӣ арзёбӣ кард.

Нобудсозии 10,5 тонна маводи ороишию гигиенӣ дар Хуҷанд

Тедрос Аданом Гебрейесус, мудири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид намудааст, ки фарогирии умумии аҳолӣ бо хадамоти тандурустӣ шарти калидии рушди устувор аст.

СУТ хабар додааст, ки то соли 2030 ду баробар зиёд кардани фарогирии хизматрасониҳои тиббӣ зарур аст, зеро агар ба иттилои ин ниҳод агар вазъи феълӣ идома ёбад, то 5 миллиард нафар аз кумаки тиббӣ бархурдор нахоҳанд буд.

“Бинобар ин, қабули чунин эъломияи сиёсӣ аз ҷониби СММ барои 11 соли минбаъда, яъне то соли 2030, вақте ки ҳадафҳои рушди устувори СММ бояд иҷро шаванд, барои низоми ҷаҳонии тандурустӣ ва рушди глобалӣ аҳамияти таърихӣ дорад”, - таъкид кардааст “Ховар” бо такя ба мудири кулли СУТ.