ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи равон имзо шуд, теъдоди кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент бе ҳайати техникӣ 337 нафар муқаррар гардид.
Қаблан ҳадди ниҳоии шумораи кормандони Дастгоҳи раисиҷумҳур бе назардошти ҳайати техникӣ 325 нафарро ташкил медод.
Дастгоҳи раисиҷумҳур мақомоти марказии иҷроия мебошад, ки ба назорати иҷро ва таъминоти ҳуқуқию таҳлилӣ ва ҳуҷҷатгузориҳои фаъолияти роҳбари давлат машғул аст. Роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистонро аз моҳи январи соли 2016 то ҳол Раҳмон Озода Эмомалӣ ба уҳда дорад.
Эмомалӣ Раҳмон 27 январи соли 2016 Раҳмон Озода Эмомалиро бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми вазири умури хориҷии Тоҷикистон барканор карда, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин намуда буд.
Озмуни Рустами Эмомалӣ барои ишғоли беш аз 25 курсии холӣ: эълони маош ва талабот
Инчунин Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар умури таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният мебошад.
Тобистони соли равон Маҷлиси миллӣ иттилоъ дод, ки Озода Раҳмон бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст.
Супориш ба Озода Раҳмон барои муайянсозӣ ва муҷозоти мансабдорони дурӯғгӯю бемасъулият
Тибқи иттилоияи палатаи болоии парлумон, созмони байналмилалии "Занони сиёсатмадори роҳбар" пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллӣ барои сафири созмони мазкур дар Тоҷикистон таъин намудани Раҳмон Озода Эмомалиро ҷонибдорӣ кардааст.