Боздошти корманди ВУД Тоҷикистон: 30 ҳазор доллар танҳо барои як парванда

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мублориза бо коррупсия аз боздошти як корманди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳинни гирифтани 30 000 доллар ришва ба даст афтодаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии мубориза бо фасод, Саидов Анвар Шарифович ба ҳайси корманди Хадамоти давлатии муҳофизаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кор мекард.

Собиқ муовини вазири нақлиёт барои ришвагирӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Номбурда барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз ӯ 30 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудаст.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки Саидов моҳи августи соли равон бо воситаи миёнарав Болтаев Болтухон аз шаҳрванд "А" барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуданаш маблағи 30 000 доллари амрикоӣ пора талаб кардааст.

Муовини мудири литсеи политехникӣ, дипломро 7 ҳазор сомонӣ нарх гузоштааст

Гуфта мешавад, корманди ВУД Тоҷикистон, Саидов Анвар аснои гирифтани  маблағ дар ҳаҷми 15 000 доллар ба даст афтодаст.

Агентии мубориза бо фасод мегӯяд, оиди ҳолати мазкур нисбати Саидов ва Болтаев тибқи моддаи 319 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаст.

Раиси пешини суди ноҳияи Айнӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Феълан тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.