Мактабе дар шаҳри Ваҳдат ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев гузошта шуд

Мактабе дар шаҳри Ваҳдат, ба номи олим ва рӯзноманигори шинохта, доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев гузошта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар шаҳри Ваҳдат яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ- мактаби №148 дар вазъияти тантанавӣ ба номи олим ва рӯзноманигори шинохта, доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев гузошта шуд.

Тибқи  иттилои АМИТ "Ховар", дар ҷамъомади калон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ваҳдат, ҳамкасбону ҳамсабақони марҳум, донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки Аадулло Саъдуллоев солиёни зиёд дар онҷо ба тадрису таҳқиқ машғул буд, ширкат намуданд.

Устод Усмонов аз диди шогирд - доктор Ҷовид: мухолифат бо ҷинс ва асрори гармӣ

Зикр шуд, ки Асадулло Саъдуллоев муддати зиёд дар телевизиону радио ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ фаолият намуда, ба тадқиқоти илмиву педагогӣ пардохт.

Корҳои илмии ӯ ба осори публитсистии устод Мирзо Турсунзода ва таърихи матбуоти тоҷик бахшида шудаанд.

Дар ҷамъомад ёру дӯстон ва ҳамкасбони марҳум, нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллои Мирзо, Абдулҳамид Самад, мудири шуъбаи робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи ИНТ Ато Ҳамдам, рӯзноманигори варзида Раҷаб Мардон, собиқадори матбуот Абдурасул Шарифзода ва дигарон сухан карда, аз саҳми ӯ дар рушди матбуот ва илм, тарбияи кадрҳои ҷавони журналистӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонияш ёдовар шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хонандагони мактаби ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев телевизори калон ва китобҳои бадеӣ такдим гардид.