ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ҳунарпешаи номдори ҷаҳон Моника Беллуччии 54-сола дар Ҳафтаи муди Милан бо стили нав - мӯйи кӯтоҳ ё каре пайдо шуд.
Аксашро ҳунарпеша дар саҳифааш дар Instagram нашр карда чунин шарҳ додааст: "New Hairstyle" ("Стили нави ороиши мӯй").
Дар давоми як рӯз 90 ҳазор кас, акси ҳунарпешаро писандидааст.
Чуноне Daily Mail менависад, ҳунарпешаи 54-сола бо пиджаки сафед ва шими фароху яктаки сиёҳ хеле зебо будааст.
Образи ҳунарпешаро айнакҳои сиёҳи калон ва гӯшворҳои ҳалқа пурра карданд.
Нашриёт менависад аз образи ҷадиди ҳунарпеша, ҳама шигифтзада шуданд.