ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Нимаи дуюми имрӯз, 24 сентябр, ҳайати роҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло барои боздид аз иншоотҳои бунёдшудаи ҷашнӣ ба шаҳри Кӯлоб рафтанд.
Бино ба гузориши мақомоти вилояти Хатлон, меҳмонон дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз маҷмааи истеҳсолӣ-кишоварзии Кӯлоб дидан карданд.
Зикр шудааст, ки дар ин маҷмааи кишоварзӣ-саноатӣ хоҷагидорон азм доранд дар майдони 10 гектар гармхонаи лимупарварӣ, 15 гектар токзор, 10 гектар боғи интенсивӣ, дар масоҳати 2 гектар ҳавзи моҳипарварӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот барои дар як сол истеҳсоли то 2,5 миллион банкаи шартӣ, ташкили гӯшаи деҳқон дар 0,50 гектар замини ғайрикишоварзӣ, ду сардхона ҷиҳати нигоҳдории то 10 ҳазор тонна меваю сабзавот ва коллеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.
Баъдан раисони шаҳру навоҳӣ ба тамошои маркази хизматрасонии "Модар ва кӯдак" рафтаанд.
Маркази хизматрасонии "Модар ва кӯдак" аз се ошёна иборат буда, он аз ошхона барои 100 нафар ҷойи нишаст, маркази дилхушии бозиҳои кӯдакона, толори либосҳои миллии арӯсӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, маҳси бадан ва толори варзишии занона иборат мебошад.
Маркази мазкур 11 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар доираи сафари худ меҳмонон аз боғҳои навбунёди ба номи Сайдалӣ Вализода, ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва “Хуталон” дидан намуданд.
Зикр шудааст, ки боғи "Хуталон" дар масоҳати умумии беш аз 5 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он 200 бех дарахти кипариз лейланди, 240 маживелник, 240 дарахтони ороишии шамшод, 90 бех сирен шинонида шуда, 24 фаввораи гуногунранги ороишӣ насб гардидааст, ки ба атроф зебоии хоса зам намудааст.
Болои марғзорону сабзаҳои боғ ҳайкалҳои палангу шутур, оҳу кабкҳо баҳри рушди зеҳнии кӯдакон ва дӯст доштани муҳити зист ҷамъ оварда шудаанд.
Раҳмон сафари кориашро ба шаҳри Кӯлоб анҷом доду ба Данғара рафт
Боздид фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Саман”-ро, ки дар Ҷамоати деҳоти “Кӯлоб” бо саҳми соҳибкор Масидиқ Одинаев сохта шудааст, як ҷузъи сафари ин ҳайат ба Кӯлоб будааст.
Фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар паранда пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай парвариши 50 ҳазор сар паранда дар он ба роҳ монда шудааст ва бо технолологияи муосир муҷҷаҳаз мебошад.
Дар сурати пурра фаъолият намудани фабрикаи парандапарварӣ иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 150 ҳазор дона тухм дар як рӯзро ташкил хоҳад дод.