Фармондеҳи артиши Ҳиндустон Покистонро ҳушдор дод

Бипин Рават, фармондеҳи артиши Ҳиндустон, мақомоти Покистонро ба ҳимоят аз ончӣ тероризм номид муттаҳам кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Parstoday, Бипин Рават, фармондеҳи артиши Ҳиндустон гуфт, акнун замони он расида аст, то бар Кашмри таҳти кантроли Покистон тамаркуз шавад ва артиши Ҳиндустон барои озодии ин минтақа омодааст.

Моҳи гузашта низ фармондеҳи артиши Ҳиндустон эълом карда буд, ин нерӯи дар пайи дастури давлати Ҳиндустон барои озодии Кашмири таҳти кантроли Покистон аст .

Покистон имкони ҷанги ҳастаӣ бо Ҳиндро баид намедонад

Субраманиам Джайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон низ рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Деҳлии Нав гуфта буд, Кашмири таҳти кантроли Покстон бахше аз Ҳиндустон аст ва Деҳлӣ умедвор аст, рӯзе битавонад қонуни асосии Ҳиндро дар ин минтақа иҷро кунад.

Ин изҳороти фармондеҳи артиши Ҳиндустон дар миёни хашми Покистон аз Ҳиндустон ба далели лағви ихтиёроти вижа дар Ҷому ва Кашмир тавассути Моди мунташир мешавад.

Исломобод талош кардааст, то масъалаи Кашмири таҳти кантроли Ҳиндро дар маҷомеи байналмилалӣ аз ҷумлаи СММ матраҳ кунад. Аммо Ҳиндустон бо байналмилалӣ шудани ин минтақа, мухолиф ва эълом карда аст, ин масъала бояд бо Покистон ба сурати дуҷониба ҳал шавад.

Нахустивазир Ҳиндустон 5 август аз тасмими худ барои лағви ихтиёроти вижаи минтақаи Ҷому ва Кашмир хабар дод.

Дар ҳоли ҳозир бахше аз Кашмир дар хоки Ҳиндустон ва қисмати дигар дар Покистон қарор дорад.

Ҳар ду кишвар иддаоии моликият бар тамоми Кашмирро доранд ва ҳамин масъала, яке аз сабаби аслии муноқишаи дерина миёни Деҳлӣ ва Исломобод аст.