"Дастархони суғдӣ" : дар Қасри ба номи Лоиқ Шералӣ ба нӯҳ забон суруд иҷро мешавад

Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлол ва дар доираи таҷлили 85-солагии нашри нахустшумораи рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” Ҷашнвораи байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” гузаронида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Рӯзи 26 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дар доираи таҷлили 85-солагии нашри нахустшумораи рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” Ҷашнвораи байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” гузаронида мешавад.

Оши палав ва рақс: Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе - акс

"Чакомаи гесу": дар Хуҷанд духтарону занони мӯйдароз ва зеборо ба ҷашнвора даъват мекунанд

Тибқи иттилои сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” Исоқҷон Зокиров ҷашнвораи мазкур бо мақсади таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи минбаъдаи санъати мусиқӣ, густариши робитаҳои миллату халқиятҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир хоҳад шуд.

Ҷашнвораи сол дар Душанбе чӣ гуна гузашт: беҳтарин лаҳзаҳо дар гузориши аксӣ

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, дар ҷашнвора ҳунармандони соҳаи эстрада ва санъаткорон аз давлатҳои Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин иштирок менамоянд ва бо нуҳ забони олам суруду таронаҳо пешниҳод мегардад.

Макони баргузории чорабинӣ Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ интихоб шудааст ва дар анҷоми ҷашнвора ба ғолибону иштирокчиёни аз тарафи кумитаи тадорукот Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида мешавад.