Ҳушдори ҳавошиносон аз идомаи чанголудӣ ва маслиҳати табибон

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, чангу ғубор дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва қисман ноҳияҳои вилояти Хатлон як рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳавои камабру бебориш ва ғуборолуд дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва қисман ноҳияҳои вилояти Хатлон то 24 сентябр боқӣ мемонад, хабар додаст “Ховар” бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

Наҷоти гардишгарони раҳгумзадаи исроилӣ дар Помир

Ҷамила Байдуллоева, масъули Ожонси ҳавошиносӣ иттилоъ додааст, ки сабаби чунин вазъи ҳаво муддати тӯлонӣ наборидани борон дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҷануби вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад.

“Инчунин ҳавои сарде, ки аз минтақаи ҷанубу ғарб тавассути минтақаҳои қисмати аврупоии  Русия ба Тоҷикистон ворид гардид, сабаби шиддат гирифтани шамол дар қисми зиёди минатқаҳои ҷанубии вилояти Хатлон  шуд. Резиши чангу ғуборҳое, ки дар ин ё он минтақа ба қайд гирифта мешавад, хусусияти муваққатӣ дорад. Баъд аз гузашти ин вазъ табиист, ки ҳолати ҳаво тағйир меёбад”- изҳор доштааст Байдуллоева.

Файзов беморхона, ҳаммом ва ҳоҷатхонаи бунёдкардаи гардишгарон дар Басидро кушод

Дар ҳамин ҳол Ҷамолиддин Раҳмонов, масъули кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, таъкид намудааст, ки боду ҳавои ғуборолуд ба системаи нафаскашӣ ва дилу рагҳои хунгард таъсири манфӣ мерасонад.

Дар шаҳри Душанбе боз як корхонаи азими сементбарорӣ бунёд мегардад

Ӯ ба нафароне, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас, бронхитҳои намуди аллергетикӣ, бемориҳои алергетикии роҳҳои болоии нафасанд, даъват кардааст, ки эҳтиёткор бошанд, зеро дар чунин ҳавои чангу ғуборолуд бемориашон метавонад хуруҷ кунад.