Андӯҳи Ёдгор Файзов аз даргузашти Нодир Одилов

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо аҳли хонаводаи олим Нодир Одилов изҳори ҳамдардӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ёдгор Файзов раиси ВМКБ ба хонаводаи профессор Нодир Одилов изҳори таслият кардааст.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз вафоти олими машҳур, профессор Нодир Одилов сахт андуҳгин буда ба аҳли хонадон ва наздикони олим таьзияи амиқ баён менамояд. Дуогӯи он ҳастем, ки руҳашон шод ва манзили охираташ обод бошад. Хизматҳои бузургаш барои давлат ва миллат номи уро абадзинда хоҳад кард", - омадааст дар номаи таслият.

Ёдрас мешавем, ки профессор Нодир Одилов, файласуфи шинохтаи тоҷик, субҳи 22 сентябр дар синни 87 аз олам чашм пӯшид.

Нодир Фозилович Одилов соли 1932 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, дар солҳои 1949–1951 дар мактаби миёнаи ба номи Ф.Энгельси ноҳияи  Ванҷ ҳамчун муаллими фанни забони русӣ кор кардааст.

Нодир Одилов, файласуфи шинохтаи тоҷик даргузашт

Пас аз хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дар соли 1956 аввал аспирант, сипас муаллими калон ва ниҳоят мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1995–2002 ба сифати профессори кафедраи фалсафа ва маданиятшиносии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2003 инҷониб раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад ва ҳамчунин вазифаи мудири Шӯъбаи дини Институти фалсафаи Академияи Иилмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт

Нодир Одилов муаллифи зиёда аз шаш асару 150 мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои фалсафии ислом, таълимоти фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсии Ҷалолиддинӣ Румӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст.