Зуҳуров ҳамроҳ бо чанд вакили Парлумон ба Нур-султон рафт

Раиси Парлумони Тоҷикистон барои ширкат дар чаҳорумин нишасти раисони порлумонҳои Авруосиё озими Нур-Султон, пойтахти Қазоқистон шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба хотири иштирок дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ба шаҳри Нур-султони Қазоқистон сафар кард.

Зуҳуров бо сафири Эрон густариши бештари ҳамкориҳоро баррасӣ кард

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ додааст, Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ бо чанде аз раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё  масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.

«Дар назар аст, ки имрӯз Шукурҷон Зуҳуров бо раисони парлумонҳои Қирғизистон, Молдова ва Афғонистон мулоқот намояд», — афзуд Султонов.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё намояндагони 67  давлат, аз ҷумла раисони парлумонҳои 46 мамлакати дунё иштирок менамоянд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки сафари ҳайати Парлумони Тоҷикистон ду рӯз идома ёфта, Шукурҷон Зуҳуровро вакилони мардумӣ Бахтовар Сафарзода, Аҳмадҷон  Қобилов, инчунин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Муғулистон Хайрулло Ибодзода ҳамроҳӣ менамоянд.