Тоҷикистону Ҳиндустон барои густариши бештари ҳамкориҳо таъкид карданд

Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд бо вазири тиҷорат ва саноати ин кишвар дидор ва масоили марбӯт ба тавсеъаи ҳамкориҳои санъатӣ, тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Parstoday, Султон Раҳимзода, сафири Тоҷикистон ва Пиюш Гоял, вазири тиҷорат ва саноати Ҳинд дидору гуфтугу карданд.

Ҷавонони Ҳиндустон ба хотири иштирок дар форум ба Тоҷикистон омаданд

Дар Душанбе ҷашнвораи синамои Ҳиндустон баргузор мешавад

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи тиҷорат ва саноат баррасӣ шуд.

Иҷрои бандҳои даҳумин иҷлоси Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии Тоҷикистон ва Ҳинд, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд аз дигар мавзуоте буд, ки мавриди баҳси тарафайн қарор гирифт.

Раҳимзода ба тақвияти ҳамкориҳо бо Ҳиндустон умед дорад

Тарафайн ҳамчунин бар аҳаммияти ҳамкорӣ миёни манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳинд таъкид ва барои густариши бештари ҳамкориҳо дар ин замина, эъломи омодагӣ карданд.