Садамаи пурқурбонӣ: бархӯрди “Опел”-и ҳомили кӯдакон бо “Хундай”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди фоҷиабори “Опел-астра” бо “Хундай-Портер” дар роҳи Кӯлоб - Фархор хабар дод, ки ду кушта барҷой гузошта, бархе аз мусофирон дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 21-уми сентябр тахминан соати 10:00, ҳангоме рух додааст, ки мошини “Опел-Астра”, таҳти идораи Собир Бекматов, сокини 26-солаи ноҳияи Фархор аз шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Фархор ҳаракат доштааст.

Хонае дар Малой Никитской: таърихи Тоҷикистон дар хонаи ашрофзодагони рус

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ронандаи "Опел" дар ҳудуди деҳаи Золи-Зарди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи ронанда, Бурихонов Зувайдулло Мирзосафарович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.

"Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Темуров Бурихон Мирзомуродович, соли таваллудаш 1977 ва хурдсол Бекматова Ёсамин Собировна, соли таваллудаш 2019, сокинони ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар иттилоия.

Садамаи нақлиётӣ дар дохили нақби "Озодӣ" як кушта ва як захмӣ барҷой гузошт

Ба иттилои ВУД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Бекматов Собир ва дигар мусофиронаш - Бекматов Сунатулло Усмонович, соли таваллудаш 1994, Самиева Фарангиз Сайдуллоевна, соли таваллудаш 1994 ва хурдсол Бекматова Шукрона Собировна, соли таваллудаш 2017, сокинони ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Садамаи маргбор: ҳалокати ду сокини ноҳияи Ванҷ ба сабаби чаппа шудани мошин ба дарёи Панҷ

Бар асоси иттилоия ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” Бурихонов дар беморхона бистарӣ шудааст. ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.