Оши палав ва рақс: Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе - акс

Sputnik

Ҳадафи баргузории Ҷашнвора, рушди соҳаи сайёҳӣ, хӯрокҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи мардум нисбат ба муаррифии хӯрокҳои миллии  тоҷикон мебошад.

Ҷашнвораи сол дар Душанбе чӣ гуна гузашт: беҳтарин лаҳзаҳо дар гузориши аксӣ

Ҷашнвора таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, дар он таомҳои миллии  аз гӯшт ва моҳӣ омодашуда, намудҳои гуногуни хӯришҳо, нӯшокиҳо ва шириниҳо, ки хоси мардуми тоҷиканд, манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шудаанд.

Ҳамзамон дар Ҷашнвора ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо маводу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Инчунин барои кӯдакон барномаҳои махсуси дилхушӣ ва озмунҳо ташкил карда шуданд.

Дар анҷом аз ҷониби  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусӣ  ба вазорату идораҳое, ки дар баргузории фестивал саҳм гузоштанд, сипосномаҳо супорида шуданд.

1 / 13
Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе.
2 / 13
Барои дилхушии кӯдакон дар Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе, барномаҳои вижа пешниҳод шуданд.
3 / 13
Имсол дар Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе фудкорти бузурге барпо шуд.
4 / 13
Дар Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе сафоартхонаи дигар кишварҳо низ ғизоҳои худро ба намоиш гузоштанд.
5 / 13
Ҷавоне дар Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе маззаи шашликро мечашад.
6 / 13
Дар Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе ҳар кас ба завқи дил метавонист ғизоҳои аз гӯшти гов ва моҳӣ омодашударо бичашад.
7 / 13
Кулчақандҳои тоҷикӣ диққати мардумро бештар ба худ ҷалб карданд.
8 / 13
Ширинӣ дар Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе.
9 / 13
Баргузоркунандагони Ҷашнвора барои хушҳолии кӯдакон барномаи вижае омода карданд.
10 / 13
Саҳнаи бузург ҳамаи ширкаткунандагонро аз кунҷҳои "Наврӯзгоҳ" барои гӯш кардани мусиқии дӯстдошта ба маркази майдон ҷамъ кард.
11 / 13
Дар Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе гурӯҳҳои алоҳида озмуни рақс барпо карданд.
12 / 13
Духтарону кӯдакон рӯйҳояшонро ба гунаи ҳайвоноти гуногун ранг карданд. Дар Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе.
13 / 13
Ҷавоне дар роҳи танобӣ дар Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе.