ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст.
“Аз ҳисоби соҳибкорони шаҳри Кӯлоб дар 8 моҳи соли ҷорӣ 6 лоиҳаи инвеститсионӣ тайёр карда шуда, ба Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории Тоҷикистон" пешниҳод гардид. Айни ҳол як лоиҳа мавриди амал қарор дорад”- таъкид намудааст манбаъ.
Мақомоти шаҳр и Кӯлоб қайд намудааст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷию маҳаллӣ барои амалишавии Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2015-2019 нақшаи барномаҳо тартиб дода шудааст.
Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Боғи "Хуталон" дар назди Истгоҳи роҳи оҳан, Боғи ба номи Саидалӣ Вализода, гулгаштҳои ба номи Сафар Амиршоев ва Саидҷон Назаров ва дигар корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва маорифу фарҳанг бунёд гардиданд.
Ҳамзамон манбаъ таъкид намудааст, ки дар ҳоли ҳозир ду лоиҳаи нав дар соҳаи роҳсозӣ ва таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб мавриди амал қарор дода шудааст.